ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишки Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълон кард: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 445 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки ҳазору 234 мавриди бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хидамотӣ ироа шуд. Содот Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 209 ҳазору 970 нафар расидааст, афзуд: дар тули 24 соати гузашта, 121 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 9863 нафар расид.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 169 ҳазору 160 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
342/